Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Зебуннисо Махфӣ
Зебуннисо Махфӣ

Ҳар, ки бо санги маломат ҳамчу Маҷнун хӯ гирифт

Ҳар, ки бо санги маломат ҳамчу Маҷнун хӯ гирифт, Пеши арбоби назар чун гавҳар оби рӯ гирифт. Бар надорам сар агар сад Хизр ояд бар сарам, Бас ки улфат чашми гирён бар сари зону гирифт. Подшоҳи ҳусн охир шуд асири қайди зулф, Тирарӯе офтоберо ба доми мӯ гирифт. Орзӯи сояи мо мекунад фарри ҳумой Мурғи дил то ошёни сунбули гесу гирифт. Тоби печутоби хуршеди ҷаҳонтобаш надошт, Рафт зери зулфу чодар гӯшаи абрӯ гирифт. Оқибат аз бевафоиҳои чархи каҷхиром Махфии бечора рафту аз ҷаҳон як сӯ гирифт.