Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Зебуннисо Махфӣ
Зебуннисо Махфӣ

То шеваи нозат ба дилам рӯз фузун аст

То шеваи нозат ба дилам рӯз фузун аст, Фикрам ҳама расвоию андеша ҷунун аст. Носиҳ раҳи худ гир, ки Маҷнуни ғамашро Дар роҳи талаб ҷайб ба сад пора шугун аст Бас хуни ҷигар рехтаам аз сари мижгон, Водии фароғат ҳама оғуштаи хун аст. Чандон, ки руфуӣ3 кунамаш боз шавад чок Ин захми дилам аз ҳаду андоза бурун аст. Беҳуда макун саъй, ки Махфӣ накунад суд Онро, ки зи тақдири азал бахт забун аст.