Зи тоби оташи ишқат шабам бадан месӯхт
Зи тоби оташи ишқат шабам бадан месӯхт,
Зи сӯзи шуълаи оҳам дили сухан месӯхт.
Агар на оби дами теғи ғамзаат хӯрдӣ,
Шаҳиди ишқи ту то ҳашр дар кафан месӯхт.
Ба ҳоли зори харобам тамоми шаб имшаб
Зи дида ашк равон, шамъ дар лаган месӯхт.
Расида аст маро теғи устухон дар пуст,
Ба сони шамъ ба фонуси анҷуман месӯхт.
Саҳоби дида агар зад дар оташам обе
Зи сӯзи ишқ дилу ҷони марду зан месӯхт.
Куҷост оташи ишқе, ки аз ҳарорати он
Насими бодия андешаи ватан месӯхт?
Ғуломи ҳиммати булбул, ки дӯш то дами субҳ
Зи барқи шуълаи оҳаш дили чаман месӯхт.
Чӣ оташ аст муҳаббат, ки рӯзу шаб Махфӣ
Ниҳон зи маҳраму бегона Кӯҳкан месӯхт.