Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Зебуннисо Махфӣ
Зебуннисо Махфӣ

Бода дар гулзор хӯрдан кай ҳавас бошад маро

Бода дар гулзор хӯрдан кай ҳавас бошад маро, Нашъаи бӯи гулистони ту бас бошад маро. Майкашон маъзур гар дар базм май камтар кашам, Бӯи май пайваста ҷосӯси асас бошад маро. Ғунчаи дил нашкуфад мурғи диламро дар чаман, Тан гирифтори ғаму гулшан қафас бошад маро. Баски дар кунҷи қафас мурғи дилам бетоқат аст, Розиям гар, зиндагонӣ як нафас бошад маро. Бо вуҷуди тангдастиҳо зи олиҳимматӣ Шоҳбози ҳиммати ҷон дар қафас бошад маро. Кӯи танҳоӣ гузинам солҳо Яъқубвор, Сурати девори ғам гар ҳамнафас бошад маро. Гар ба зер овард гардунам зи пушти зин, чӣ ғам? Пои ман то охири манзил фарас2 бошад маро. Бар нишони пои маҳмил3 дар раҳи водии ишқ Нолаҳои зори Махфӣ чун ҷарас бошад маро.