Чу булбул дар фиғон оям, чу бинам бӯстонашро
Чу булбул дар фиғон оям, чу бинам бӯстонашро,
Чу гул хандон шавам ҳар ҷо, ки бинам боғбонашро.
Сабо аз бӯи пироҳан нагардад чашми мо равшан,
Нахезам аз сари ин раҳ, нагирам то инонашро.
Чу бандад посбонаш дар ба рӯям, рӯ нагардонам,
Кашам ҷорӯб аз мижгон фазои остонашро.
Гирифтам ман, ки мурғи дил гирифтори қафас гардид,
Чӣ хоҳӣ кард охир шуълаи оҳи ниҳонашро?
Магар шуд офият анқо, ки аз гардуни дунҳиммат
Нишон чандон ки меҷӯям, намеёбам нишонашро.
Ба зери об агар душман чу пои остон гирад,
Бисӯзад шуълаи оҳи ман охир остонашро.
Ба булбул бод арзонӣ гулу гулшан, ки ман, Махфӣ
Ба роҳи зиндагонӣ дидаам фасли хазонашро.