Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Зебуннисо Махфӣ
Зебуннисо Махфӣ

Медиҳам об аз сиришки дида боғи хешро

Медиҳам об аз сиришки дида боғи хешро, Тоза медорам ба бӯи гул димоғи хешро. Бода чун бар лаб ниҳам, соқӣ чӣ сон соғар кашам? Пур зи хуноби ҷигар дорам аёғи хешро. Дар ҷароҳатҳои дил азбаски лаззат ёфтам, Пунбаи нохун ниҳам ҳар захми доғи хешро. Аз парешонӣ наям озурда чун зулфи бутон, Дидаам аз тангдастиҳо фароғи хешро. Гар нашуд равшан ба базмам шамъи кофурӣ чӣ бок? Барфурӯзад шуълаи оҳам чароғи хешро. Дорам аз боди сабо, Махфӣ, ҳазорон пираҳан, Кай кунам олудаи бӯе димоғи хешро.