Қатъи ҷафо намекунад дилбари шӯху масти мо
Қатъи ҷафо намекунад дилбари шӯху масти мо,
Тарки вафо намедиҳад ин дили худпарасти мо.
Мо ба хилофи орзу шишаи дил шикастаем,
Ранҷи абас барад фалак ин ҳама дар шикасти мо.
Бас задаем дасти дил гирякунон ба фарқи сар,
Раста чу сабза мӯи сар аз раги пушти дасти мо.
Ман ба ҳавои офият аз паи дил намеравам,
Раҳгузари бало бувад ҷойгаҳи нишасти мо.