Не шамъи бахт хоҳам, не меҳри ҳамгинонро
Не шамъи бахт хоҳам, не меҳри ҳамгинонро,
Хоҳам кашам ба як сӯ аз мурдумон инонро.
То чашм боз гардад, сӯҳбат вуҷуди ишқ аст,
Фурсат шумур ғанимат дидори дӯстонро.
Кай васли гул ба булбул осон шавад муяссар,
Сад хор буда бошад дар по чу боғбонро.
Хуршеди ҳусн ҳар ҷо толеъ шавад зи аввал,
Созад зи зулфи сунбул тартиби соябонро
То чанд бори меҳнат бурдан тавон зи айём,
Як ҷав риояте кун бедарду нотавонро.
Дар чашми аҳли биниш асло тафовуте нест
Дар фасли навбаҳорон дар рангу бӯ хазонро.
Овар бурун зи гӯшат ин пунбаҳои ғафлат,
Дар дасти нуктасанҷон дар ком каш даҳонро.
Дар роҳи ишқ Маҷнун, бояд гузашт аз ҷон,
Набвад канори дарё дарёи бекаронро.
Махфӣ ба доми меҳнат гаштам асир охир
Чун мурғи тозапарвоз гум карда ошёнро.