Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Зебуннисо Махфӣ
Зебуннисо Махфӣ

Резад ба ҷоми моҳ чу соқӣ шаробро

Резад ба ҷоми моҳ чу соқӣ шаробро, Орад зи абри шиша бурун офтобро. Лахти ҷигар зи гиря барояд зи дидаам, Мастон ба пухтагӣ нагузоранд кабобро. Ҳарфи вафо зи сафҳои уммед шустаам, Аз рӯзгор кардаам ин интихобро. Махфӣ, зи умр лаззати завқе, ки ногаҳон Барҳам занад насиме бисоти ҳаётро.