Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Зебуннисо Махфӣ
Зебуннисо Махфӣ

Адое ҳаст пинҳонӣ нигоҳи нозанинонро

Адое ҳаст пинҳонӣ нигоҳи нозанинонро, Ки аз завқаш гирифторӣ ба миннат медиҳад ҷонро. Парешон шуд зи ғайрат лашкари аҷзои ҷамъият, Парешон карда то чини сари зулфи парешонро. Ба ковиш нолаам дилро ҷароҳат дар ҷароҳат кард, Вале набвад қароре дар ҷароҳат неши мижгонро. Ба қурбони сари савдои он девонаваш гардам, Ки аз дил ошно дорад ба ҳам дасту гиребонро. Чу Маҷнун аз сари ҳиммат қадам дар водии ғам неҳ, Ки бастам тоза Махфӣ, бо муҳаббат аҳду паймонро.