Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Зебуннисо Махфӣ
Зебуннисо Махфӣ

Кӯи ишқ аст ба номус салом аст ин ҷо

Кӯи ишқ аст ба номус салом аст ин ҷо, Сад чу Маҳмуд ба ҳар гӯша ғулом аст ин ҷо. Толиби дона дар ин дом дарафтод мудом, Дона аз хол бувад донаву дом аст ин ҷо. Бода даркаш, ки дар ин базмгаҳи ҳодисахез, Ҳарчи ҷуз бода бувад ҷумла ҳаром аст ин ҷо. Заҳри ғам нӯш куну лаб ба шикоят бикшо, Ки шикоят зи алам шеваи ом аст ин ҷо. Дар паи мастии ҳар шом хумори саҳар аст, Махфиё, базми фараҳнок кадом аст ин ҷо?