Ба ғорат додам аз ғафлат матои хонаи худро
Ба ғорат додам аз ғафлат матои хонаи худро,
Ба дасти худ задам оташ ман оташхонаи худро.
Зи сӯзи дил фитод оташ чу фонусам ба пироҳан,
Бар оташ мезанам имшаб дили девонаи худро.
Зи бас мустағрақи ишқам, намеҷумбад зи ҷо дастам,
Ки занҷири кӯҳан дар по дили девонаи худро.
Гирифт улфат ба танҳоӣ, чунонам дил, ки мағрурам,
Беҳ аз боғи ҷинон гӯям, агар вайронаи худро.
Ба хирмангоҳи ҳар саҳро чу мурғи доначин гаштам,
Ба ғайр аз донаи ашке надидам донаи худро.
Тасалсул бод ҳушёрон шуморо даври май, к-охир
Зи бадмастӣ тиҳӣ ман кардаам хумхонаи худро.
Ду чашми маст пиндорӣ ба хоб олуда шуд, Махфӣ,
Баён кӯтаҳ кунам дигар ман ин афсонаи худро.