Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Зебуннисо Махфӣ
Зебуннисо Махфӣ

Абр бар равнақи чаман гиряд

Абр бар равнақи чаман гиряд, Гул бар айёми зистан гиряд. Дил зи дасти фироқ нола кунад, Дида бар ҳоли хештан гиряд. Васли Ширин насиби Хисрав шуд, Ғами ҳиҷрони Кӯҳкан гиряд. Сӯхт парвона бар ҳавои висол, Шамъ бар субҳи анҷуман гиряд. Рӯзи ин умри кӯтаҳ охир шуд, Шаб зи торикии ватан гиряд. Баски ғафлат рабуд мардумро, Чарх бар ҳоли марду зан гиряд. Бевафоии умр, эй Махфӣ, Бар шикофи дили кафан гиряд.