Дар тароват ҳеҷ боғе беҳ зи боғи гиря нест
Дар тароват ҳеҷ боғе беҳ зи боғи гиря нест,
Партави хуршед равшан чун чароғи гиря нест.
Майкашон ашки надомат з-он ки ҳангоми шароб
Нашъаи осудагӣ ҷуз дар аёғи гиря нет.
Дидаи лабрез хуноб асту аз афсурдагӣ
Ҳамчу абри навбаҳоронам димоғи гиря нест.
Ҷустуҷӯ кардам басе аз андалебони чаман
Як дили хандони гулшан ҳамчу доғи гиря нест.
Дида чун абри баҳорон пур зи ашк айёмро,
Махфиё, аз бедимоғиҳо димоғи гиря нест.