Зиндагонӣ чист? – Дар пои гулистон зистан
Зиндагонӣ чист? – Дар пои гулистон зистан,
Бо парирӯён ба коми хеш мастон зистан.
Даъвии ҳусну ба рӯи хеш афкандан ниқоб,
Оби ҳайвон хӯрдану чун Хизр пинҳон зистан.
Нест кори ҳар касе, ин шеваи махсуси мост,
Хуни дил нӯшидану ҳамвора хандон зистан.
Дар гулистон доштан сӯҳбат ба ноҷинсон аз ин,
Назди доно беҳтар аст танҳо ба зиндон зистан.
Навбаҳори умр бигзашту хазон шуд ин чаман,
Ҳамчу гул то чанд бо чоки гиребон зистан?
Баски оби дидаи ман рехт дар зиндони ҳаҷр,
Боядам чун Нӯҳ андар мавҷи тӯфон зистан.
Махфиё, расм аст арбоби хирадро аз қадим:
Бо дили пурдоғ чун зулфи парешон зистан.