Оташе кӯ, ки ба дил сӯзи дигар тоза кунам?
Оташе кӯ, ки ба дил сӯзи дигар тоза кунам?
Ин кӯҳан доғи ҷунунро ба ҷигар тоза кунам.
Ман, ки савдозадаи ишқу ҷунунам, чӣ аҷаб:
Бар сари доғ агар доғи дигар тоза кунам.
Ҳар шабе нола ба гулзор чу мурғони чаман
Муждаи омадани боди саҳар тоза кунам.
Боиси гиряи шому саҳаре нест маро,
Ки зи хуноби ҷигар боғи назар тоза кунам.
Чанд бар ёди сари зулфи ту аз шабнами ашк
Бар лаби ҷӯи назар сумбули тар тоза кунам.
Тарсам аз гиряи ман қимати гавҳар шиканад,
В-арна аз хуни ҷигар ранги дигар тоза кунам.
Махфиё чанд зи чанги фалаки шуъбадабоз,
Ҳамчу Яъқуб ба дил доғи писар тоза кунам.