Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Зебуннисо Махфӣ
Зебуннисо Махфӣ

То ба ғам ҳамдам шудам, аз меҳнату ғам фориғам

То ба ғам ҳамдам шудам, аз меҳнату ғам фориғам, Бо мусибат то гирифтам хӯ, зи мотам фориғам. Пеши сабри мо гирифторию озодӣ якест, Ҳамчу Маҷнун аз баду неки ду олам фориғам. Бо парешонию подорӣ қаноат кардаам, Аз чунин дарҳамкашиданҳои ҷонам фориғам. Бешу кам гардид қисмат чун ба девони азал, Бо таваккалпешагон аз бешу аз кам фориғам. Гиряву зории мазлумон надорад чун асар, Махфиё, сад шукр, к-аз ашки дамодам фориғам.