Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Зебуннисо Махфӣ
Зебуннисо Махфӣ

То кай шамидани гул, баҳри димоғ ҳар дам

То кай шамидани гул, баҳри димоғ ҳар дам? То кай тавон гузаштан бар тарфи боғ ҳар дам. Сандуқи синаи ман рашки гуласту гулшан, Дорам басе нуҳуфта дар сина доғ ҳардам. Беҳуда чанд Маҷнун саргаштаи биёбон, Лабташнаву парешон, баҳри суроғ ҳар дам. Афсурдагӣ физояд, соғар ба ғайри дилбар, Заҳр аст назди доно май дар аёғ ҳар дам. Бар табъи аҳли маҷлис Махфӣ гарон намояд Парвона ҷон фишонад гар бар чароғ ҳар дам.