Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Зебуннисо Махфӣ
Зебуннисо Махфӣ

Манам, к-аз захми ғам хӯрдан хурӯшидан намедонам,

Манам, к-аз захми ғам хӯрдан хурӯшидан намедонам, Ба ҷуз хунобаи дил, ҷом нӯшидан намедонам. Ман он парвонаи ишқам, ки гар сӯзад маро шамъам Зи истелои ишқи ӯ хурӯшидан намедонам. Замона ҷомаи меҳнат диҳад з-онам, ки медонад: Либоси офиятро тарзи пӯшидан намедонам. Магӯ рози дилат бар ман, ки ман аз соддалавҳиҳо Чу тифлон рози дил аз ғайр пӯшидан намедонам. Набурдам раҳ ба мақсуде дар ин водӣ аз он Махфӣ, Ки дар роҳи талаб оини кӯшидан намедонам.