Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон

Шеърҳо бо теги: ошиқӣ

Шеърҳои марбут ба теги «ошиқӣ» дар сомонаи «Шоирон».

Шоирон

Гар моҳи ман барафканад аз рух ниқобро

👁 31

Гар моҳи ман барафканад аз рух ниқобро, Бурқаъ фурӯ ҳилад ба ҷамол офтобро. Гӯӣ ду чашми ҷодуи обидфиреби ӯ Бар чашми ман ба сеҳр бибастанд хобро.

Саъдии Шерозӣ
Саъдии Шерозӣ

Пеши мо расми шикастан набувад аҳди вафоро

👁 37

Пеши мо расми шикастан набувад аҳди вафоро, Аллаҳ-Аллаҳ, ту фаромӯш макун суҳбати моро. Қимати ишқ надонад, қадами сидқ надорад, Сустаҳде ки таҳаммул накунад бо

Саъдии Шерозӣ
Саъдии Шерозӣ

Шаби фироқ нахоҳам давоҷи деборо

👁 42

Шаби фироқ нахоҳам давоҷи деборо, Ки шаб дароз бувад хобгоҳи танҳоро. Зи даст рафтани девона оқилон донанд, Ки эҳтимол намондаст ношикеборо.

Саъдии Шерозӣ
Саъдии Шерозӣ

Агар ту фориғӣ аз ҳоли дӯстон, ёро

👁 36

Агар ту фориғӣ аз ҳоли дӯстон, ёро, Фароғат аз ту муяссар намешавад моро. Туро дар оина дидан ҷамоли талъати хеш Баён кунад, ки чӣ будаст ношикеборо.

Саъдии Шерозӣ
Саъдии Шерозӣ

Эй нафаси хуррами боди сабо

👁 45

Эй нафаси хуррами боди сабо, Аз бари ёр омадаӣ, марҳабо! Қофилаи шаб, чӣ шунидӣ зи субҳ? Мурғи Сулаймон, чӣ хабар аз Сабо?

Саъдии Шерозӣ
Саъдии Шерозӣ

Даст аз талаб надорам, то коми ман барояд

👁 130

Даст аз талаб надорам, то коми ман барояд, Ё тан расад ба ҷонон, ё ҷон зи тан барояд. Бикшой турбатамро баъд аз вафоту бингар, К-аз оташи дарунам дуд аз кафан б

Ҳофизи Шерозӣ
Ҳофизи Шерозӣ

Мову маю маъшуқ дар ин кунҷи хароб

👁 27

Мову маю маъшуқ дар ин кунҷи хароб, Ҷону дилу ҷому ҷома дар раҳни шароб. Фориғ зи умеди раҳмату бими азоб, Озод зи хоку бод в-аз оташу об!

Умари Хайём
Умари Хайём

Гул бе рухи ёр хуш набошад

👁 169

Гул бе рухи ёр хуш набошад, Бе бода баҳор хуш набошад. Тарфи чаману тавофи бӯстон, Бе лола узор хуш набошад.

Ҳофизи Шерозӣ
Ҳофизи Шерозӣ

Ёри мо ҳаргиз наёзорад дили ағёрро

👁 27

Ёри мо ҳаргиз наёзорад дили ағёрро, Гул саросар оташ аст аммо насӯзад хорро. Дигар аз бетоқатӣ хоҳам гиребон чок зад, Чанд бӯсам синаи решу дили афгорро.

Бадриддин Ҳилолӣ
Бадриддин Ҳилолӣ

Ёр омаду ёри дилнавоз омад боз

👁 44

Ёр омаду ёри дилнавоз омад боз, Баҳри дили хаста чорасоз омад боз. Умрам ҳама рафта буд аз рафтани ӯ, Сад шукр, ки умри рафта боз омад, боз.

Бадриддин Ҳилолӣ
Бадриддин Ҳилолӣ

Ҷони ширин (қисми 4)

👁 98

Кишвари маҳбуби моро ҷилвагар, Балки тобон дид ӯ нури хирад Дар нигоҳи шоири Ленинград. Балки истиқболи кӯҳистони он

Мирзо Турсунзода
Мирзо Турсунзода

Ҷони ширин (қисми 3)

👁 68

Хушк-маҳкам мисли оҳанпора буд. Аз ҷафоҷӯён шикоят дошт он, Ҳам шикоят, ҳам ҳикоят дошт он. Чунки ӯ медид дар атрофи хеш

Мирзо Турсунзода
Мирзо Турсунзода

Ҷони ширин (қисми 2)

👁 116

Ҳеҷ коре нест бе зан, хуб шуд, Ифтихоре нест бе зан, хуб шуд. Хуб шуд, ки зан ба давлат ёр шуд, Мамлакат аз дасти зан гулзор шуд.

Мирзо Турсунзода
Мирзо Турсунзода

Хумор

👁 54

Дар домани баҳор Андар деҳи Мазор Гулғунчаи таре, Покизагавҳаре

Лоиқ Шералӣ
Лоиқ Шералӣ

Вафо

👁 57

Агар вафо кунӣ бо ман, вафои умри манӣ, Агар бақо кунӣ бо ман, бақои умри манӣ. Агар ба хотири дил мисли мавҷ бо соҳил Суруди ишқ бихонӣ, садои умри манӣ.

Лоиқ Шералӣ
Лоиқ Шералӣ

Модарам

👁 94

Будӣ дунёи ману рафтӣ зи дунё, модарам, Ман бурун аз хоку ту дар хок танҳо, модарам. Аз канорат то шудам маҳрум дар айёми гул, Шуд канорам аз сиришки шӯр дарё,

Лоиқ Шералӣ
Лоиқ Шералӣ

Ёд кун аз ман

👁 47

Дар он соат, Ки барги охирин гулҳои фасли тирамоҳ аз боғу бустонҳо Ба сад афсӯс пар чинанд, Ба хилват ёд кун аз ман!

Лоиқ Шералӣ
Лоиқ Шералӣ

Ишқ дар дил

👁 109

Ишқ дар дил шӯълаи субҳи саодат будааст, Ошиқӣ эҳсоси бахшишҳои қисмат будааст. Дар ҷавонӣ ишқ буду давлати дунё набуд, Он ҳама бедавлатиҳо хуб давлат будааст.

Лоиқ Шералӣ
Лоиқ Шералӣ

Туро дид дилам

👁 49

Дили ман нест чу обе, ки ба ҳар ҷӯй давад, Дили ман нест насиме, ки ба ҳар сӯй давад. На чу овора ба ҳар ҷо ба такопӯй давад, Лек, чун ҳусни туро дид, бирафт аз

Лоиқ Шералӣ
Лоиқ Шералӣ

Ороиши ҷавониям

👁 54

Ороиши ҷавониям ишқи ту буду мурд, Гулбонги шодмониям ишқи ту буду мурд. Болам дигар шикаставу авҷам нишастааст, Парвози осмониям ишқи ту буду мурд.

Лоиқ Шералӣ
Лоиқ Шералӣ

Худо гар парда бардорад

👁 490

Худо гар парда бардорад зи рӯи кори одамҳо, Чӣ шодиҳо хӯрад барҳам, чӣ бозиҳо шавад расво. Яке хандад зи ободӣ, яке гиряд зи барбодӣ, Яке аз ҷон кунад шодӣ, яке

Розиқи Фонӣ
Розиқи Фонӣ

Ишқ омад

👁 74

Ишқ омад, ишқ омад, дилу ҷонро барафтод, Аз ҳастии мо нақши ду олам барафтод. Ҳар ҷо ки муҳаббат ба дили инсон расид, Аз торикии ғам нури имон барафтод.

Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ
Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ

Сӯхтам, бирён шудам, гирён шудам

👁 56

Сӯхтам, бирён шудам, гирён шудам, Ҷонфишони гесуи афшон шудам. Қаҳр кардам, рашк кардам назди ӯ, Як қадам то дур шуд, пазмон шудам.

Лоиқ Шералӣ
Лоиқ Шералӣ

Садои дил

👁 26

Гуфтам, ки зи ишқ даст кӯтоҳ кунам, Дил гуфт: магар зи ҷон ҳам огоҳ кунам? Чун номи ту ояд, ҳама ғам дур шавад, Ман бо ту ҷудоӣ чӣ гуна хоҳ кунам?

Камоли Хуҷандӣ
Камоли Хуҷандӣ

Сӯзи ишқ

👁 32

Сӯзи ишқ агар дар дили инсон афтад, Ҳар лаҳза зи ҷон наъраи имон хезад. Дар кӯйи вафо ҳар кӣ гузашт аз худӣ, Аз нури ҳақиқат ба дилаш ҷон резад.

Бадриддин Ҳилолӣ
Бадриддин Ҳилолӣ
Саҳифаи 22 аз 23