Шеърҳо бо теги: ошиқӣ
Шеърҳои марбут ба теги «ошиқӣ» дар сомонаи «Шоирон».
Мураттабкунӣ: навтарин аввал
Агар муроди ту, эй дӯст, бемуродии мост
Агар муроди ту, эй дӯст, бемуродии мост, Муроди хеш дигарбора ман нахоҳам хост. Агар қабул кунӣ в-ар биронӣ аз бари хеш, Хилофи рои ту кардан хилофи мазҳаби мос
Бе ту ҳаром аст ба хилват нишаст
Бе ту ҳаром аст ба хилват нишаст, Ҳайф бувад дар ба чунин рӯй баст. Домани давлат чу ба даст уфтод, Гар биҳилӣ, боз наёяд ба даст.
Дили ҳар кӣ сайд кардӣ, накашад сар аз камандат
Дили ҳар кӣ сайд кардӣ, накашад сар аз камандат, На дигар умед дорад, ки раҳо шавад зи бандат. Ба Худо, ки парда аз рӯи чу оташат барафкан, Ки ба иттифоқ бинӣ д
Муаллимат ҳама шӯхию дилбарӣ омӯхт
Муаллимат ҳама шӯхию дилбарӣ омӯхт, Ҷафову нозу итобу ситамгарӣ омӯхт. Ғуломи он лаби заҳҳоку чашми фаттонам, Ки кайду сеҳр ба Заҳҳоку Сомирӣ андохт.
Боз мехоҳам, ки аз нав кӯдаки нодон шавам
Боз мехоҳам, ки аз нав кӯдаки нодон шавам, Боз мехоҳам, ки аз нав кӯдаки гирён шавам. Бар сари зонуи модар боз биншинам даме, Гиряму хандам, сарамро сила бинмоя
Пас аз чандин сабуриҳо
Пас аз чандин сабуриҳо Ту аз дур омадӣ, аз дури дуриҳо, Нигоҳат ташнагиҳои муҳаббат дошт, Садоят ташнагиҳои саодат дошт.
Ишқ гарчи балост, он бало ҳукми худост
Ишқ гарчи балост, он бало ҳукми худост, Бар ҳукми худо маломати халқ чарост? В-ар неку бадӣ банда ба тақдири худост, Пас рӯзи пасин ҳисоб бар банда чарост.
Мард он, ки сарафроз сари дор бимирад
Мард он, ки сарафроз сари дор бимирад, Як бор таваллуд шуда, як бор бимирад. Мард он, ки сари кулла чу ҳамхонаи Хуршед, Аз қисмати худ розию саршор бимирад.
Ҳарчанд ин ки сахт шикастӣ, дили ман аст
Ҳарчанд ин ки сахт шикастӣ, дили ман аст, Ғамгин машав, ки шиша барои шикастан аст. Ман дӯстӣ ба ҷуз ту надорам, қасам ба ишқ Ҳар кас ки ғайр аз ин ба ту гуфтас
Ишқ дар дил шуълаи субҳи саодат будааст
Ишқ дар дил шуълаи субҳи саодат будааст, Ошиқӣ эҳсоси бахшишҳои қисмат будааст. Дар ҷавонӣ ишқ буду давлати дунё набуд, Он ҳама бедавлатиҳо хуб давлат будааст.
Илоҳӣ, он даме ки мебарорӣ аз бадан ҷонро
Илоҳӣ, он даме ки мебарорӣ аз бадан ҷонро, Нигаҳ дорӣ зи хавфи хотима ин нури имонро. Ба даргоҳат тиҳидасту хиҷил рӯ карда ночоре, Тараҳҳум кун ба фазли худ хиҷ
Нон диҳӣ аз баҳри Ҳақ, нонат диҳанд
Нон диҳӣ аз баҳри Ҳақ, нонат диҳанд, Ҷон диҳӣ аз баҳри Ҳақ, ҷонат диҳанд. Бе тамошои сифатҳои Худо, Гар хӯрам нон, дар гулӯ монад маро.
Ноз дорад тифлӣ дар хоби ширинам то ҳанӯз
Ноз дорад тифлӣ дар хоби ширинам то ҳанӯз, Шод бо ёдаш дили кӯдак баринам то ҳанӯз. Медурахшад ёқути он фасли пуршавқу шарар Дар миёни ҳалқаи ангуштаринам то ҳа
Аз дафтари нигоҳат дилнома хонд чашмам
Аз дафтари нигоҳат дилнома хонд чашмам, Бар шикваномаҳояш сенуқта монд чашмам. Дил кард аз нав иншо барномаи табассум, Дар саҳнаи таманно гавҳар фишонд чашмам.
Дар ин хок, дар ин хок, дар ин мазраъаи пок
Дар ин хок, дар ин хок, дар ин мазраъаи пок, Ба ҷуз меҳр, ба ҷуз ишқ дигар тухм накорем.
Модар фаришта буд, фақат болу пар надошт
Модар фаришта буд, фақат болу пар надошт, Шояд ки дошт болу пар, аммо хабар надошт. Ё дошт огаҳӣ зи пару боли хеш, лек, Майли ҷудо шудан зи ману аз Падар надошт
Агар дил дилбару, дилбар кадом аст?
Агар дил дилбару, дилбар кадом аст? В-агар дилбар дилу, дилро чӣ ном аст? Дилу дилбар ба ҳам оина винам, Надунам, дил киву дилбар кадом аст?
Як шабе Маҷнун намозашро шикаст
Як шабе Маҷнун намозашро шикаст, Бевузӯ дар кӯчаи Лайло нишаст. Ишқи он шаб масти масташ карда буд, Фориғ аз ҷоми аласташ карда буд.
Воизон ин ҷилва дар болои минбар мекунанд
Воизон ин ҷилва дар болои минбар мекунанд, Чун ба хилват мераванд, он кори дигар мекунанд. Мушкиле дорам зи донишманди маҷлис бозпурс: Тавбафармоён чаро худ тав
Нобаробар
Ту аз ман будиву ман аз ту будам, Ту ёри дигарӣ, ман моли дигар. Дар ишқу ошиқӣ шоҳу гадо нест, Чаро ишқи ману ту нобаробар?!
Чархо фалако ошиқи зорат будам
Чархо фалако ошиқи зорат будам, Ман ёр туро гуфта канорат будам. Ҳар лаҳза паи хоҳишу ҳар фармонат, Чун навкараки самандсаворат будам.
Бедорӣ маро ёр шуда, хоб куҷойӣ?
Бедорӣ маро ёр шуда, хоб куҷойӣ? Тор аст шаби ялдоию маҳтоб куҷойӣ? Бо оби харида нашикаст ташнагии дил, Эй руди ба сангҳо задаи ноб куҷойӣ?
Қасам
Ба дидаи маро надидаат, қасам, Ба лолаҳои аз барои ман начидаат, қасам, Ту аз манӣ! Ба ранги зарду сӯзу дарди ман, қасам,
Ба ту аз кафтари белонаву бедона дуруд
Ба ту аз кафтари белонаву бедона дуруд, Ба ту аз даҳшати танҳоии ҷонона дуруд, Ба ту аз бӯйи хуши рақси гули ёс паём, Ба ту аз ҳавсалаи ишқи ғарибона дуру
Арғушти накҳати гул дар бӯстон муборак
Арғушти накҳати гул дар бӯстон муборак, Рақси фари парасту дар осмон муборак. Рав, дарду ғам, ки шодем хони фараҳ гушодем, Паймони фараҳзо бар ғамкашон муборак.