Қасам
Ба дидаи маро надидаат, қасам,
Ба лолаҳои аз барои ман начидаат, қасам,
Ту аз манӣ!
Ба ранги зарду сӯзу дарди ман, қасам,
Ба бистари чу барф сарди ман, қасам,
Ман аз туам!
Ба ҷаври дар суроғи ту кашидаам, қасам,
Ба заҳри аз фироқи ту чашидаам, қасам,
Ту аз манӣ!
Ба бӯсаҳои аз рухи висол норабудаам,
қасам,
Ба гиряҳои аз заволи ишқ носурудаам,
қасам,
Ман аз туам!
Ба хобҳои рангаи пур аз туи ба чашми
боз дидаам, қасам,
Ба оби дидаам, қасам,
Ба номи офаридаам, қасам,
Ту аз манӣ!
Ба ҳузни шодгунаам, қасам,
Ба хашму кинаам, қасам,
Ман аз туам!
Ба исми омиёнаат, қасам,
Ба номи шоиронаам, қасам,
Ту аз манӣ!