Баҳори бе Лоиқ
Эй баҳори бе Лоиқ, рози марг ифшо кун,
Бо таронаи борон ёди шоири мо кун.
Асру лаҳза яксон аст дар радифи бемаргӣ,
Эй ҳарифи бемаргӣ, лаҳзаро таманно кун,
Эй баҳори бе Лоиқ, гулнисори бе Лоиқ!
Ояи азал дар лаб аз адам чӣ овардӣ?
Аз найи фироқи дӯст ҷуз қалам чӣ овардӣ?
Муҳраи қалам бишкаст, эй қаламкаши Монӣ,
Аз қаламрави Лучоб ҷуз адам чӣ овардӣ?
Эй баҳори бе Лоиқ, гулнисори бе Лоиқ!
Аз фасонаи ҳастӣ сеҳр монду соҳир рафт,
Зиндадори сармастӣ ток монду шоир рафт.
Рӯйи дафтару мистар монда гарди хокистар,
Хок бар сари афлок, хок монду шоир рафт,
Эй баҳори бе Лоиқ, баргубори бе Лоиқ!
Дар каронаи беишқ лола ашки Маҷнун аст,
Хандаи гули бодом рӯйи пушта маҳзун аст.
Шоири мазори худ, шеъри зиндадори худ,
Дар диёри хомӯшон ҳоли шоирон чун аст?
Эй баҳори бе Лоиқ, эй хумори бе Лоиқ!