Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Ҳофизи Шерозӣ
Ҳофизи Шерозӣ

Воизон ин ҷилва дар болои минбар мекунанд

Воизон ин ҷилва дар болои минбар мекунанд, Чун ба хилват мераванд, он кори дигар мекунанд. Мушкиле дорам зи донишманди маҷлис бозпурс: Тавбафармоён чаро худ тавба камтар мекунанд? Гӯиё бовар намедоранд рӯзи доварӣ, К-ин ҳама қалбу дағал дар кори довар мекунанд. Ё раб, ин навдавлатонро бар хари худшон нишон, К-ин ҳама ноз аз ғуломи турку астар мекунанд. Эй гадои хонақаҳ, барҷаҳ, ки дар дайри муғон Медиҳанд обеву дилҳоро тавонгар мекунанд. Ҳусни бепоёни ӯ чандон, ки ошиқ мекушад, Зумраи дигар ба ишқ аз ғайб сар бар мекунанд. Бар дари майхонаи ишқ, эй малак тасбеҳ гӯй, К-андар он ҷо тинати одам мухаммар мекунанд. Субҳдам аз арш меомад хурӯше, ақл гуфт: «Қудсиён гӯй, ки шеъри Ҳофиз аз бар мекунанд».