Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Муъмин Қаноат
Муъмин Қаноат

Барои Лоиқ

Ҷон будиву рафтӣ, зиндаям, ҳайронам, Дар васлу видои ҷону тан сарсонам. Бо ашк марез пок дар домани хок, Бо ханда марав ту аз лаби хандонам. Ку зиндадиле, ки зиндадаргўр нашуд, Ку сўзи ҷигар, ки захми носур нашуд. Ҳамхони замон будиву ҳамрони ялон, Пайванди замона бо замон ҷўр нашуд. Як даст қалам кашид аз боли замон, Як панҷа ба ёли аспи иқболи замон, Бо ин ҳама панҷабозиҳо охири кор Биншаставу гиря кард бар ҳоли замон. Гирди сари ёри зор гаштӣ сад бор, Бо шамсу қамар, ба гардиши лайлу наҳор. Гар ёр вафо накард, ағёр чи кард, Рангат ба хазон расиду бўят ба баҳор. Азбаски тарабхез туро пиндор аст, Асбоби тараб туро ғами бисёр аст. Аз гиряи дил ашк ба рўе надамид, З-он синаи ошиқон гулу гулзор аст. Дар шеъри дарӣ дар ба дарӣ бисёр аст, Танҳо дари ишқи пок безинҳор аст. Аз Арш ба фарш ҷумла ҷўёи раҳанд, Роҳе, ки ба ҳақ барад, паси симхор аст. Хуршед кашида теғ бар куштани шаб, Ранг аз рухи шаб парида чун ранги тараб, Хуршедвашо, чӣ мекашӣ теғи нигоҳ, Ҳуш дор, сафед мешавад мўи сиёҳ..