Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Муъмин Қаноат
Муъмин Қаноат

Тоҷикистон исми ман!

Эй додгоҳи хокиён, эй осмони бекарон, Танг аст ҳоли тоҷикон дар хоку зери хокдон! Эй дуди оташгоҳҳо, моҷгоҳи оҳҳо, Тахти баланди Аҳуро, бахти бади аҷдодҳо! Гӯянд бар аҷдоди мо будӣ зафар, будӣ падар, Аз шакли ту месохтанд мардони майдонӣ сипар. Байроқи адли ковиён пар мезадӣ болои сар Дар дасти садҳо дастаи озодагони Бохтар. Ҳам тухмаи мардона чун дурдона зери обҳо, То ин ки рӯяд аз замин Фирдавсию Сӯҳробҳо… Модархудо будӣ Замин, модархудои васлҳо, Модархудои наслҳо, модархудои фаслҳо. Гуфто Замин: «эй Одамӣ, аз хандаат гул мекунам, Гар тифл рӯяд аз гулам, тифлона ғул-ғул мекунам. Гоҳе гули гандум шавам, дар мавҷи тилло гум шавам, Пайдо шавам дар хони ту, чун файзи дастархони ту, Чун шоҳиди эҳсони ман, чун меҳнати дастони ту. Ман духтари дар бистарам, эй он, ки мекорӣ маро Бо дасти чап, бо дасти рост, чун ганҷ бардорӣ маро… Ман модарам, тифли туро бо чашмсерӣ парварам. Ман доварам, доди туро то осмонҳо мебарам…» Тоҷик зи роҳи ростӣаввал заминро кишт кард, Аз баҳри оташхонаҳо бо оби рӯяш хишт кард. Кишти нахустинро дуруд, Яшти нахустинро суруд Дар васфи Митро – меҳри пок, Қонуни аввалро навишт дар исмати зояндахок. Шаҳри наве бунёд кард, боғи наве обод кард, Ҳар он чӣ будӣ дастрас, ӯ дар замин эҷод кард… Як кас расиду ногаҳон гаҳвораи моро гирифт. Як кас надида ҳарфро, «Қонуни» Синоро гирифт… Чун хони яғмо шуд Замин, баҳри талоши як нигин Сад қавми кӯтаҳостин аз ҳар канору ҳар камин Ҷо кард Балху Суғдро дар ҳалқаи ангуштарин. Дунёи тоҷик танг шуд, маъвои тоҷик санг шуд, Аз ҳам гусаста бандҳо, ҳар санг як авранг шуд. Аз дасти ақвоми араб нури муқаддас нор шуд. Оташ баромад аз саро, сад шаҳр оташзор шуд. Аз нури оташгоҳҳо Афросиёб оташ гирифт,