Доим аз гиря бувад дида ба об олуда
Доим аз гиря бувад дида ба об олуда,
Тарки мастӣ накунад лаб ба шароб олуда.
Шишаи ман зи маи хуни ҷигар лабрез аст,
Ман аз он менакунам лаб ба шароб олуда.
Мерасад бӯи дил аз нолаи зорам ба димоғ,
Бӯи хуноб диҳад сихи кабоболуда.
Саргаронӣ наравад аз сари ӯ то дами сур,
Дидаи бахт чу гардид ба хоб олуда.
Махфӣ, ҳар лаҳза ман аз бахт саволе дорам,
То ба як бор кунад лаб ба ҷавоб олуда.