Баски ниҳодам ба дил доғи таманнои ту
Баски ниҳодам ба дил доғи таманнои ту,
Шуъла зад аз синаам оташи савдои ту!
Гашт чаман ғарқи хун, баски зи теғи нигоҳ,
Хуни асирон бирехт наргиси шаҳлои ту.
Ҷоми сабӯҳӣ биёр, ваъда ба фардо макун,
Нест маро беш аз ин ваъда ба фардои ту!
Аз назарат меравад умри киромӣ ба бод
Оҳ чӣ шуд, Махфиё, дидаи бинои ту?