Зад шуъла оташе ба дил, эй дида, об ку?
Зад шуъла оташе ба дил, эй дида, об ку?
Эй дида, сели ашки туро изтироб ку?
Гар нест аҳди кайфи ҷавонӣ чу кимиё,
Он нашъаҳои масти аҳди шубоб ку?
Халқе зи зулми беҳади гардун хароб шуд,
Инсоф дар саволу забони ҷавоб ку?
Гуфтам: шабе ба хоб бубинам рухи мурод,
Эй чашми рӯсиёҳ, туро бахти хоб ку?
Шуд нусхаи ҳисоби муфаттеҳ ба беҳисоб,
Махфӣ, куҷост аҳли тамизу ҳисоб ку?