Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Зебуннисо Махфӣ
Зебуннисо Махфӣ

Навмед зи дидори ту то чанд тавон буд?

Навмед зи дидори ту то чанд тавон буд? То чанд ба уммеди ту хурсанд тавон буд? Лабташнаву дилхаставу саргаштаву ҳайрон Бо дарду ғами ҳаҷри ту то чанд тавон буд? Гар гуфту шуниди ғами ҳар рӯз набошад, Сад сол ба занҷири бало банд тавон буд Паймонаи уммед чу бишкаст дило, чанд Беҳуда зи андешаи пайванд тавон буд? Махфӣ, қадаҳи тавбашикан бар лаби дил рез, Ошуфта чунин чанд зи савганд тавон буд?