Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Зебуннисо Махфӣ
Зебуннисо Махфӣ

Ғунчаи лаъли лабат гар аз тағофул бишкуфад

Ғунчаи лаъли лабат гар аз тағофул бишкуфад, Бишкуфам чун булбуле, к-аз дидани гул бишкуфад. Гар сабо орад шамими пираҳан сӯи чаман, Ғунчаро дил дар даруни сина чун гул бишкуфад. Бар димоғат мехурад аз бедимоғӣ бӯи гул, Хотири ошуфтаам аз нашъаи мул бишкуфад. Ғунчаи табъам намехандад ба шӯристони Ҳинд, Ҳиммате ёрон, ки аз гулзори Кобул бишкуфад. По ба домони муҳаббат каш, ки Махфӣ оқибат Дар биёбон лоларо дил аз таҳаммул бишкуфад.