Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Зебуннисо Махфӣ
Зебуннисо Махфӣ

Боз мавҷи сели ашкам дам зи тӯфон мезанад

Боз мавҷи сели ашкам дам зи тӯфон мезанад, Чашмасори дидаам паҳлуи Уммон мезанад. Ин сари шӯрида савдои ҷунуне мебарад, В-ин дили девонаам дам аз биёбон мезанад. Ҳар куҷо хоҳам нишинам аз паи бархостан, Хотири ошуфтаам дасте ба домон мезанад. Ҷамъи ҷамъият чӣ шуд аз дил, ки роҳи офият, Фитнаҳои гардиши даврон парешон мезанад. Баски дардолудаам пинҳон ба зери пираҳан Бар танам ҳар мӯй бинӣ захми пайкон мезанад. Оташафрӯзон, ҳазар аз синаи Махфӣ, ки ноз Оҳи оташнокро оташ ба домон мезанад.