Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Зебуннисо Махфӣ
Зебуннисо Махфӣ

Гарми ғазаб чӣ мекунӣ наргиси масти нозро

Гарми ғазаб чӣ мекунӣ наргиси масти нозро? Нозу карашма бас бувад дилшудаи ниёзро. Риштаи дил гиреҳ-гиреҳ шуд ба даруни синаам, Баски ба дил гиреҳ задам оҳи ҷигаргудозро. Эй ки ба айш хуфтаӣ, дарду ғаме надидаӣ, Аз дили дардманд пурс ҳоли шаби дарозро. Аз паси кас чӣ меравӣ? Бонги ҷарас чӣ мекунӣ? Ҳодии раҳ муҳаббат аст қофилаи Ҳиҷозро. Боз нишоти офият з-он наниҳам, ки оқибат Муҷрими нуктае кунад маҳрамиёни розро. Ғунчасифат шукуфт дил аз сухани ту, Махфиё, Тақвияти сухан намо табъи сухантирозро.