Ҳанӯзам з-оби дида Даҷлае ҳаст
Ҳанӯзам з-оби дида Даҷлае ҳаст,
Ниҳон дар дуди оҳам шуълае ҳаст.
Сари ҳар хор маҷнуни ғизол аст
Ба водӣ то зи оҳу галлае ҳаст.
Зи по биншин, ки манзил шуд намоён,
Ки аз ту то ба манзил паллае ҳаст.
Тиҳӣ шуд гар зи ашкам косаи чашм
Ниҳон аз дида дар дил Даҷлае ҳаст.
Макун, Махфӣ, тамаъ дар атласи шоҳ,
Туро аз далқи кӯҳна чаллае ҳаст.