Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Зебуннисо Махфӣ
Зебуннисо Махфӣ

Моему гиряе, ки ба тӯфон мусоҳиб аст

Моему гиряе, ки ба тӯфон мусоҳиб аст, Мижгони дидае, ки ба марҷон мусоҳиб аст. Маҷнунсифат зи дурии васли ту дур нест Дасти алам ба чоки гиребон мусоҳиб аст. Булбул ҳазор нолаву зорӣ, ки бенаво Мурғи дилам ба зулфи парешон мусоҳиб аст. Хоҳӣ ҳарири бистару ё хоҳ бӯрё Паҳлуи бахти мо ба мағелон мусоҳиб аст. Зоди раҳе бисоз биёяд ба роҳи ишқ, Ошиқ ҳамеша бар сару сомон мусоҳиб аст. Нозам ба сабру ҳавсалаи дил, ки умрҳост Дар тангнои сина ба афғон мусоҳиб аст. Махфӣ, зи сӯзи оташи ишқи ту солҳост Бо ман ҳамин ду дидаи гирён мусоҳиб аст.