Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Зебуннисо Махфӣ
Зебуннисо Махфӣ

Аз дарди дилам мурғи наворо кӣ хабар кард

Аз дарди дилам мурғи наворо кӣ хабар кард? Дар боғи дилам боди саборо кӣ хабар кард? Бахти сияҳам буд ниҳон аз назари халқ, Шабро кӣ нишон доду нидоро кӣ хабар кард? Бо ҷабру ҷафо буд диламро сари зулфат, З-ин воқеа арбоби вафоро кӣ хабар кард? Барҳам шудани зулфи ту ҷамъияти дил буд, Бо шарм кӣ ин гуфту ҳаёро кӣ хабар кард? Аз рӯи риёе, ки ҷафои ту маро буд, Ғаммоз кӣ шуд, рӯи риёро кӣ хабар кард? Ман будаму андешаи иқлими қаноат, Кӣ арз ба шаҳ карду гадоро кӣ хабар кард? Махфӣ, ба ту дар хоб намуданд давое, Бо дард чӣ кас гуфту балоро кӣ хабар кард?