Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Зебуннисо Махфӣ
Зебуннисо Махфӣ

Ситам аз ҳад гузашт, оҳи саҳар афрохтан дорад

Ситам аз ҳад гузашт, оҳи саҳар афрохтан дорад, Ба заҳр олуда тири нолае андохтан дорад. Ситамгорон намедонам, киро ғорат кунанд имшаб? Сипоҳи нолаву оҳам ҳавои тохтан дорад. Дили афсурдаам то кай даруни синаам бошад? Чу гул пажмурда шуд аз дасти худ андохтан дорад. Агар парвонаро сӯзад пару боле аҷаб набвад, Дар ин оташ саропо шамъи ҷон бигдохтан дорад. Ба рӯи дови аввал, эй фалак, бар ман дағо кардӣ, Зи баҳри имтиҳон як бори дигар бохтан дорад.