Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Садриддин Айнӣ
Садриддин Айнӣ

Мухаммаси Садриддин Айнӣ бар ғазали Соиби Табрезӣ

Рафтам ба ҷустуҷӯяш дар кӯчаҳо давида, Ҳам ҷома чок карда, ҳам пераҳан дарида. Дар кӯйи ӯ фитодам дар хоку хун тапида, «Он маҳлиқо баромад аз хона май кашида, Моил ба уфтодан чун меваи расида». Гесуи мушкбӯро тоби каманд дода, Анворбахш рӯро хуршедсон кушода, Дар ошиқ орзуро карда басе зиёда, «Нози баҳонаҷӯро дар як тараф ниҳода, Шарми ситезахӯро дар хоку хун кашида». Рӯйи чу маҳ гирифта андар паноҳи соид, Бар маҳ фурӯғ дода аз тоби моҳи соид, Дар қатли ишқбозон бикшода роҳи соид, «Молида остинро то бӯсагоҳи соид, То ноф пераҳанро чун субҳдам дарида». Бурқаъ зи рӯ кушода, боғи Ирам намуда, Пайвастаабрувонро теғи дудам намуда, Дилро ба дом баста, зулфон чу хам намуда, «Барқе зи абр ҷаста, ҳар ҷо карам намуда, Сарве зи хок раста, ҳар ҷо, ки орамида». Қад нахлаи назокат, тан пайкари латофат, Лаб чашмаи ҳаловат, рӯ матлаи саодат, Айнӣ чу дида он маҳ боре ба ин қиёфат, «Дигар надида худро то домани қиёмат, Соиб, касе, ки ӯро масту хароб дида».