Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Садриддин Айнӣ
Садриддин Айнӣ

Чун гирифтори ҳавои ёр гаштам ноилоҷ

Чун гирифтори ҳавои ёр гаштам ноилоҷ, Аз фироқаш хаставу бемор гаштам ноилоҷ. Ҳамчу кокул рӯзу шаб афтодам аз дунболи ӯ, Тираатвору парешонкор гаштам ноилоҷ. Ёри ман шуд бо рақибон кӯчаву бозоргард, Сухраи ҳар кӯчаву бозор гаштам ноилоҷ. Нест бо ағёр он қаллошро меҳру вафо, Дӯстдори зумраи ашрор гаштам ноилоҷ. Ишқи саркаш панди ёру дӯстро нашнид ҳеч, Мустаҳиққи таънаи ағёр гаштам ноилоҷ. Не зару не зӯрию не зориям омад ба кор, Бе зару бе зӯрию бе зор гаштам ноилоҷ. Дар мусалмонон чу бӯе аз мусалмонӣ намонд, Ошнои фирқаи куффор гаштам ноилоҷ. Арзи ман иззи қабуле з-он гули раъно надид, Пеши аҳли ишқ, Айнӣ, хор гаштам ноилоҷ.