Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Садриддин Айнӣ
Садриддин Айнӣ

Самарқанду Бухоро

Ҳаббазо, шаҳри Самарқанди биҳиштитимсол, Ҷуз биҳишташ ба тароват натавон ёфт мисол. Зарнисор аст заминаш чу кафи аҳли карам, Файзбор аст ҳавояш чу дили аҳли камол. Сабзазорест, ба ҳар сабза аён ранги тараб, Чашмасорест , зи ҳар чашма равон оби зулол. Мерасад накҳати кайфийяти асҳоби ямин, Гар вазад боди шамол аз тарафи Боғи Шамол. Ин Самарқанд ҳамон аст, Улуғбек мирзо Зад аз ин хитта ба дониш алами истиқлол. Ин Самарқанд ҳамон аст, ки Бўлайси фақеҳ Кард сийти шарафаш то Арабистон эсол. Ғамзудояст Самарқанду тарабафзо, лек Назудояд ғами ҳиҷрони Бухоро зи хаёл. Гар ба фирдавс барандам, наравад аз хотир Ёди дарвозаи Қаршию ҳавои вағзол. Ин ҳамон мулки Бухор аст зи ҷаҳди аҳлаш Манбаи илм ба ислом шуда чандин сол. Ин ҳамон мулки Бухор аст, Бухорои бузург Зад аз ин хитта ба ақтори ҷаҳон кўси камол. Ин ҳамон мулки Бухор аст, Алӣ Синоро Рутбае дод, ки нодида касе то ин ҳол. Ин ҳамон мулки Бухор аст, ки Сомониён Баҳри тазйин-ш ба амсор намуданд ҷидол... Гарчи он иззату он шавкату он дониш нест, Ҳаст он фитрату он обу ҳаво бар ям ҳол. Метавон рафт ба он мартаба бо кўшишу саъй, Метавон раст аз ин муҳлика бо касби камол. Гарчи анвои ситам дида аз ин ҷо рафтем, Ба валояш, ки ба дил нест ҳеҷ ранҷу малол... Барраи хаста набояд, ки бихобад бари гург, Мурғи бечора бибояд, ки гурезад зи шағол. Одамизодаи бечора ба якрўза ҳаёт Бо бани навъи худ омодаи майдони қитол. Меҳру шафқат ба замон нест, агар ҳаст - риё, Одамийят ба ҷаҳон нест, агар ҳаст - хаёл. Мил бар дида гузоранду бигўянд: “Хамўш!” Тир бар сина халонанду бигўянд: “Манол!”