Дӯстон, арзи умедам бар нигори ман баред
Дӯстон, арзи умедам бар нигори ман баред,
Раҳмате бар хотири уммедвори ман баред.
Ё ба ман аз хоки пояш сурмаворе оваред,
Ё маро дар раҳгузори шаҳсавори ман баред.
3-ин диёру шаҳр тангам, шаҳриёри ман куҷост?
Лутф ореду маро дар шаҳри ёри ман баред.
Ман қатили ғамзаи навхатнигоре гаштаам,
Пай бад-ин маънӣ зи райҳони мазори ман баред.
Сабзаи хатташ бубинеду мапурсед аз ғамам,
Бар хазони ман қиёс аз навбаҳори ман баред.
Гар ҳамехоҳед ҷон, осон диҳам ҳангоми назъ,
Ҷойи такбиру тиловат номи ёри ман баред.
Дар парешонрӯзгорӣ гар равад Айнӣ зи даҳр,
Ҷамъ биншинеду ёд аз рӯзгори ман баред.