Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Садриддин Айнӣ
Садриддин Айнӣ

Хезед, рафиқон, майи гулранг биёред

Хезед, рафиқон, майи гулранг биёред, Танбӯру наю доираю занг биёред! Сорангу рубоб аст ба ҳам шӯриши маҷлис, Ёбед рубобию ба соранг биёред. Асбоби тараб, ҳар чӣ, ки пайдост, намонед, Соранг муҳайё нашавад, чанг биёред. Оҳанги муғаннӣ ба дилам тезасар нест, Як шӯхи хушовози хушоҳанг биёред! Бисёр ба олам пайи номус нагардед, Он ғорати ному шарари нанг биёред. Яъне, бути бозории ҳарҷоии моро Як ранг тақал карда ба найранг биёред. Бисёр ба тангем аз ин ҳушфиребон, Як содадили содарухи анг биёред. Аз аҳли тараб кас нагузоред ба ҳар ҳол, Ҳар кас, ки биёбед, ба ҳар ранг биёред. Бо зорию зар кист, ки дар базм наёяд, Зинҳор, ки беманшаву беҷанг биёред. Дар мадраса гар май натавон хӯрд зи номус, Бе кайф гапе нест, найи банг биёред. Имрӯз димоғи гули шаббӯй надорам, Шаббӯй аз он турраи шабранг биёред. Бас қофия танг аст ба Айнӣ, хабари Дӯст Аз лутф дар ин қофияи танг биёред.