Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Садриддин Айнӣ
Садриддин Айнӣ

Ҷаҳон то ҷаҳон аст, гарданда аст

Ҷаҳон то ҷаҳон аст, гарданда аст, Бимирад агар шоҳ, агар банда аст. Ба дунё намонда касе ҷовидон, Наёбем мо ҳам зи мурдан амон. Бимирем чун кому ноком мо, Ҳамон беҳ, ки мирем бо ном мо! Ба номи накӯ кушта гаштан ба ҷанг, Беҳ аз зиндагонии бо айбу нанг! Муханнас набошему нокас наем, Гар аз марг тарсем мо-кас наем! Бифармо, ки мо ҷонсупорӣ кунем, Ба ҷанги ватан бар ту ёрӣ кунем. Бифармо, ки мо дар сафи корзор, Барорем аз мағзи душман димор! Бифармо, ки бо оташи ҷанг зуд Барорем аз ҳастии хасм дуд. Ту фармон деҳу қаҳрамонӣ бубин, Зи мо ҷондиҳӣ, ҷонситонӣ бубин. Ба оташ фиристӣ, самандар шавем, Ба беша фиристӣ, ғазанфар шавем. Ба дарё фиристӣ агар баҳри ҷанг, Зи тӯфон натарсем ҳамчун наҳанг. Агар мефиристӣ ба пайкори кӯҳ, Чу вулқон зи мо кӯҳ гардад сутӯҳ. Ба ҳар ҷо, ки ёбем хасми дурушт, Силоҳ ар набошад, кушемаш ба мушт! Ситонем мо хуни хеш аз адӯ, Аз он пеш, ки хуни мо резад ӯ! Чу кардем якчанд душман ҳалок, Пас он гоҳ аз кушта гаштан чӣ бок?! Ки ин маргамон умри сонӣ диҳад, Ҳаёти нави ҷовидонӣ диҳад...