Гул бе рухи ёр хуш набошад
Гул бе рухи ёр хуш набошад,
Бе бода баҳор хуш набошад.
Тарфи чаману тавофи бӯстон,
Бе лола узор хуш набошад.
Рақсидани сарву ҳолати гул,
Бе савти ҳазор хуш набошад.
Бе ёри шакарлаби гуландом,
Бе бӯса канор хуб набошад.
Ҳар нақш, ки дасти ақл бандад,
Ҷуз нақшу нигор хуш набошад.
Ҷон нақди муҳаққар аст, Ҳофиз
Аз баҳри нисор хуш набошад.