Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Мирзо Турсунзода
Мирзо Турсунзода

Ҷони ширин (қисми 4)

Кишвари маҳбуби моро ҷилвагар, Балки тобон дид ӯ нури хирад Дар нигоҳи шоири Ленинград. Балки истиқболи кӯҳистони он Аз миёни дуди гулхан шуд аён, Балки ин афғони озодипараст Мисли дил дар синаҳои мо нишаст. Балки ӯ мегуфт: моён дӯстем, Мисли ду мағзе ки дар як пӯстем. Бо шумо ҳамсояи деринаем, Дӯстони беғараз, бекинаем, Аз миёни хокҳои мо убур Мекунад Ому ба мисли хатти нур, Обро аз рӯшноӣ кун қиёс, Дӯстонро бо нигоҳи дил шинос. Чодари пашмин ба сар андохта, Сар чу кӯҳи Ҳиндукуш афрохта, Рафт, афғон, ёди мо бо хеш бурд, Дил ба мо, моро ба хоби хуш супурд. То саҳар месӯхт гулхан кам-камак, Хонаро мекард равшан кам-камак. Бод мезад сар ба кӯҳу кӯҳсор, Корвон мешуд ба рафтан интизор. Дидаи мо сӯи оташпора шуд, Хоб гум аз дидаҳо якбора шуд. Боз ҳам омад ба сар ёди ватан, Ёди фарзанди азизу ёди зан. Шоири маҳбуб бо мо ёр гашт, Мо надонистем, ки шаб чун гузашт, Дӯстро кас дар сафар бояд шинохт, Метавон дилро ба ин сон дӯст бохт. Ҷони ширин, тоҷи сар кун дӯстро, Ҷой дар мағзи ҷигар кун дӯстро. Дӯстонро аз сафар овардаам, Аз тамоми баҳру бар овардаам.