Шеърҳо
Пурхонандатарин шоирони муосир
Пурхонандатарин шеърҳо
Дониш андар дил чароғи равшан аст
То ҷаҳон буд аз сари одам фароз, Кас набуд аз роҳи дониш бениёз. Мардумони бихрад андар ҳар замон, Роҳи донишро ба ҳар гуна забон.
Забони модарӣ
Ҳарчи ӯ аз моли дунё дошт, дод, Хиттаи Балху Бухоро дошт, дод, Суннати волою девон дошт, дод, Тахти Сомон дошт, дод.
Таджикистан — мой родной край
Таджикистан — мой родной край, Цветёшь ты, словно дивный рай. Живётся вольно, преград нет, В сердцах свобода, как рассвет.
Зан агар оташ намешуд, хом мемондем мо
Зан агар оташ намешуд, хом мемондем мо, Норасида бодаи дар ҷом мемондем мо. Зан агар моро намебахшид умри ҷовидон, Бетахаллус, бенасаб, беном мемондем мо.
Ҳар касеро баҳри коре сохтанд
Ҳар касеро баҳри коре сохтанд, Майли онро дар дилаш андохтанд. Пайи илм ҳамчу шамь бояд гудохт, Ки бе илм Худо натавон шинохт.
Шикоят аз пирӣ
Маро бисуду фурӯ рехт ҳарчи дандон буд, Набуд дандон, ло, бал чароғи тобон буд. Сапеди симрада буду дурру марҷон буд, Ситораи саҳарӣ буду қатраи борон буд!
Ҳар бод, ки аз суйи Бухоро ба ман ояд
Ҳар бод, ки аз суйи Бухоро ба ман ояд, Бо буйи гулу мушку насими суман ояд. Бар ҳар зану ҳар мард куҷо барвазад он бод?! Гӯйӣ, магар он бод ҳаме аз Хутан ояд.
Муаллим
Шеъре ба номи некат, омӯзгор, дорам, Дар анҷуман ба дастат чун туҳфае супорам, Баҳри сипоси хотир дастат ҳамефишорам, Миннатпазирам аз ту доим ба рӯзгорам.
Тифл мондам аз ту модар, рӯйи ту дар ёд нест
Тифл мондам аз ту модар, рӯйи ту дар ёд нест, Қомати ту чашми ту абрӯйи ту дар ёд нест. Дар суроғат мезанам худро ба ҳар як кӯю дар, Чун, ки то имрӯз модар кӯйи
Офтобо, бори дигар хонаро пурнур кун
Офтобо, бори дигар хонаро пурнур кун, Дӯстонро шод гардон, душманонро кӯр кун! Аз паси кӯҳе барову сангҳоро лаъл соз, Бори дигар ғӯраҳоро пухтаву ангур кун!
Одамият
Тани одамӣ шариф аст ба ҷони одамият, На ҳамин либоси зебост нишони одамият! Агар одамӣ ба чашм асту даҳону гӯшу бинӣ, Чӣ миёни нақши девору миёни одамият!
Ватан сар мешавад аз гоҳвора
Ватан сар мешавад аз гоҳвора, Зи шири поку аз пистони модар. Ватан сар мешавад аз он тавора, Ки онро сохта дастони модар.
Биёед эй рафиқон дарс хонем
Биёед эй рафиқон дарс хонем, Ба бекорию нодони намонем. Ба олам ҳар касе бекор гардад, Ба чашми аҳли олам хор гардад.
Забон гумкарда
Ҳар ки дорад дар ҷаҳон гумкардае, Дар замину дар замон гумкардае. Ин нишон гумкардаеву дигаре, Хештанро бенишон гумкардае.
Мо ҳеҷ, замона хеҷ, дунё ҳама ҳеҷ
Мо ҳеҷ, замона хеҷ, дунё ҳама ҳеҷ. Эй ҳеҷ, зи баҳри хеҷ бар ҳеҷ мапеч. Донӣ, ки зи одамӣ чӣ мемонаду бас? Меҳр асту муҳаббат асту боқӣ ҳама ҳеҷ!
Ҷони ширин (қисми 1)
Ҷони ширин, ин қадар ҷангам макун, Ин қадар беҳуда дилтангам макун. Гашта-гашта дар сафар боз омадам,
Эй ашк оҳиста бирез, ки ғам зиёд аст
Эй ашк оҳиста бирез, ки ғам зиёд аст, Эй шамъ оҳиста бисӯз, ки шаб дароз аст. Имрӯз касе маҳрами асрори касе нест, Мо таҷриба кардем касе ёри касе нест.
Бӯи ҷӯи Мӯлиён
Бӯи Ҷӯи Мӯлиён ояд ҳаме, Ёди ёри меҳрубон ояд ҳаме. Реги Омуву дурушти роҳи ӯ, Зери поям парниён ояд ҳаме.
Эй қавми ба Ҳаҷ рафта, куҷоед, куҷоед
Эй қавми ба Ҳаҷ рафта, куҷоед, куҷоед? Маъшуқ ҳамин ҷост, биёед, биёед. Маъшуқи ту ҳамсояву девор ба девор, Дар бодия саргашта шумо дар чӣ ҳавоед.
Хандаи лола
Бихандад лола бар саҳро, Ба сони чеҳраи Лайло. Бигиряд абр бар гардун, Ба сони дидаи Маҷнун.
Ҳаққи устод аз падар беш аст
Ҳаққи устод аз падар беш аст В-аз падар устод дар пеш аст. Гар падар аз ҳаёт баҳра диҳад, Устод аз наҷот баҳра диҳад.
Хоҳӣ, ки ҳамеша шоду хуррам бошӣ
Хоҳӣ, ки ҳамеша шоду хуррам бошӣ, Ҳар ҷо ки равӣ, азизу маҳрам бошӣ, Покиза шаву рост бизӣ, илм омӯз, То тоҷи сари наберагони Одам бошӣ.
Худо гар парда бардорад
Худо гар парда бардорад зи рӯи кори одамҳо, Чӣ шодиҳо хӯрад барҳам, чӣ бозиҳо шавад расво. Яке хандад зи ободӣ, яке гиряд зи барбодӣ, Яке аз ҷон кунад шодӣ, яке
Шони муаллим
Баланд аст аз фалак шони муаллим, Бувад ҷонбахши мо ҷони муаллим. Набошад неъмате дар ҳар ду олам Ҳалол аз пораи нони муаллим.
Тоҷикистон
Тоҷикистон, Тоҷикистон, Ҳар куҷое рафтам аз оғӯши ту, Доманамро ман такидам раҳ ба раҳ дар ҳар қадам, Пойи худро раҳ ба раҳ то сарҳадат
Ҳамаи шеърҳо
Мураттабкунӣ: навтарин аввал
Ҳар саҳаргаҳ дар ҳавои моҳи меҳрафрӯзи ман
Ҳар саҳаргаҳ дар ҳавои моҳи меҳрафрӯзи ман Зуҳра дар чарх оварад нолидани дилсӯзи ман. Осмон дар дасти ман чун ҳалқаи хотам шавад, Гар биёбад даст бар вай толеи
Аз ишқ ҳамчу оташаму нола дуди ман,
Аз ишқ ҳамчу оташаму нола дуди ман, Бошад, к-аз ин миёна бисӯзад ҳасуди ман. Душман куҷост, қуввати бозуи ман кирост? Касро намонда тоқати имсоку ҷуди ман.
Ҷуз даҳонаш нест дар ҳар ду ҷаҳон мақсуди ман,
Ҷуз даҳонаш нест дар ҳар ду ҷаҳон мақсуди ман, Кай ба коми ман шавад мақсуди номавҷуди ман? Чун шудӣ доманкашон, боре заминаш гаштаме, То ба доман пок кардӣ рӯй
Вафо намекунад он ёри меҳрубон бо ман,
Вафо намекунад он ёри меҳрубон бо ман, Ҷафо ҳамекунад он шӯхи дилситон бо ман. Маро чу умр азиз асту ногузир, вале Вафо намекунад он умр як замон бо ман.
Соқӣ, майи боқӣ деҳ, ақл аз сари мо кам кун,
Соқӣ, майи боқӣ деҳ, ақл аз сари мо кам кун, Сармояи шодиро қути дили пурғам кун. Аз чеҳра шабистонро бутхонаи Чин гардон В-аз бода суроҳиро сарчашмаи Замзам ку
Бигир мулки хароби дилу иморат кун,
Бигир мулки хароби дилу иморат кун, Ба тахти ноз нишин, бар бутон аморат кун. Чӣ ҳоҷат аст, ки ханҷар ба хунам олоӣ, Ба нӯки ғамзаи хунрези худ ишорат кун.
Гар марди роҳи ишқӣ, лофи вуҷуд кам зан,
Гар марди роҳи ишқӣ, лофи вуҷуд кам зан, Бе ҷону дил сафар кун, бе пову сар қадам зан. Саргашта чанд гардӣ дар водии таҳайюр, Бо қиблаӣ муҷовир, ҳон, такя бар ҳ
Дар ҷигар сӯзи ту дорам, дам намеёрам задан,
Дар ҷигар сӯзи ту дорам, дам намеёрам задан, Оҳ, оҳе бар сари он ҳам намеёрам задан. Ҳамдами ман оҳи сард аст аз ғами ишқат, вале Нола аз дарди ту бо ҳамдам нам
Чанд чун ғунча ба бӯе зи ту дил хуш кардан,
Чанд чун ғунча ба бӯе зи ту дил хуш кардан, Ҳамчун гул чеҳра ба хуноба мунаққаш кардан? То кай, эй рӯи ту маҷмӯаи алтофи Илоҳ, Ҳоли моро чу сари зулф мушавваш к
Ман на он риндам, ки биншинам ба ҷойи хештан,
Ман на он риндам, ки биншинам ба ҷойи хештан, То набинам дар канори худ сазои хештан. Удро таслим бояд буд, агар сӯз асту соз, Ошиқонро дарди худ бошад давои хе
Саргаштаам зи бахти нигунсори хештан,
Саргаштаам зи бахти нигунсори хештан, Тардоманам зи чашми гуҳарбори хештан. Дурри хушоб дида ба доман хамекашад, Саррофи ишқ бар сари бозори хештан.
Хоҳам чу сабо гирди сари кӯи ту гаштан,
Хоҳам чу сабо гирди сари кӯи ту гаштан, Бо бод баромехта, бар бӯи ту гаштан. Нокомтар аз тири ту дар кеши ту будан, Ошуфтатар аз зулфи ту бар мӯи ту гаштан.
Ҳолиё, хоҳам фишонд аз домани ҷон гарди тан,
Ҳолиё, хоҳам фишонд аз домани ҷон гарди тан, Юсуфамро чанд пинҳон дорам андар пираҳан? Додаам оинаи дилро сафо аз нақши ғайр, То дар оина рухат бинад сафои хешт
Коми нокоме раво кун аз даҳони хештан,
Коми нокоме раво кун аз даҳони хештан, Дар миён овар каноре аз миёни хештан. Худ тани ҷондодаро аз тоби ҳиҷронаш масӯз, Раҳм кун бар ҷони ранҷуре ба ҷони хештан
Ёр ҳамон, аҳд ҳамон, дил ҳамон,
Ёр ҳамон, аҳд ҳамон, дил ҳамон, Ишқ ҳамон, хок ҳамон, гил ҳамон. Муъмину кофар суйи Ҳақ роҳ барад, Зоҳиди гумроҳ ба ботил ҳамон.
Ман ҳамчу гул дар хандаам, гӯ, ёр дар хунам нишон,
Ман ҳамчу гул дар хандаам, гӯ, ёр дар хунам нишон, Ман ҳамчу сарв озодаам, гӯ, ёр бебаргам бимон. Мӯ бо миёнаш лоф зад, лекин равон дар тоб шуд, Чун боз дид аз
Чун ҳамнишини моҳ нагардам бар осмон,
Чун ҳамнишини моҳ нагардам бар осмон, Он беҳ, ки ҳамчу гард ниҳам сар бар остон. Бо он, ки тири чарх зи ман саҳм мехӯрад, Чун қавс пушти ман бувад аз бори ғам к
Эй чини зулфат шоми ғарибон,
Эй чини зулфат шоми ғарибон, Қурбат ба ғурбат беҳ бар рақибон. Дар ханда ғунча дилшоду хуррам, Шуд бо чанораш дасту гиребон.
Эй ҳусни ту офтоби тобон,
Эй ҳусни ту офтоби тобон, Равшан ба рухат ситораи ҷон. Пайдо шудаӣ чу меҳр дар дил, Чун зарра зи чашми ақл пинҳон.
То кай аз ин лову ло пеши ту илло шавем?
То кай аз ин лову ло пеши ту илло шавем? Исму мусаммо ду нест, айни мусаммо шавем. Ҳосили мо гар зи ту васл бувад худ накӯ В-ар ба ситам мекушӣ, мо ба ту пайдо
Рӯзи азал, ки дидаи маънӣ кушодаем,
Рӯзи азал, ки дидаи маънӣ кушодаем, Рӯйи ту дидаему дил аз даст додаем. З-ин хоки тира бар сари мо пову сар мабод, Гар дил бар ин дурӯза ғурураш ниҳодаем.
Мо муқими остону осиёи дигарем,
Мо муқими остону осиёи дигарем, Сояе дар олам афкандему ҷойи дигарем. Тарки ҳастӣ гуфтаву бо дӯст ҳамроз омада, Дил зи ғам хун кардаву бо дилрабои дигарем.
То бихандид лабат, воқифи асрор шудем,
То бихандид лабат, воқифи асрор шудем, То бидидем рухат, толиби дидор шудем. Бод бӯйи ту шабе аз хуми хаммор овард, Мо бад-он бӯй муқими дари хаммор шудем.
Cубҳдам ёди ту кардему дуое гуфтем,
Cубҳдам ёди ту кардему дуое гуфтем, Ба хаёли ту саломею саное гуфтем. Нисбати ҳоҷиби ту халқ зи мо пурсиданд, Моҳи якрӯзаи ангуштнамое гуфтем.
Бо зулфи беқарори ту ором кардаем,
Бо зулфи беқарори ту ором кардаем, Рӯзи ҳаёти хеш бад-ӯ шом кардаем. Ҳар гаҳ, ки дод соқии ишқи ту дурди дард, Дилҳо кабобу косаи сар ҷом кардаем.

