Шеърҳо
Пурхонандатарин шоирони муосир
Пурхонандатарин шеърҳо
Дониш андар дил чароғи равшан аст
То ҷаҳон буд аз сари одам фароз, Кас набуд аз роҳи дониш бениёз. Мардумони бихрад андар ҳар замон, Роҳи донишро ба ҳар гуна забон.
Забони модарӣ
Ҳарчи ӯ аз моли дунё дошт, дод, Хиттаи Балху Бухоро дошт, дод, Суннати волою девон дошт, дод, Тахти Сомон дошт, дод.
Таджикистан — мой родной край
Таджикистан — мой родной край, Цветёшь ты, словно дивный рай. Живётся вольно, преград нет, В сердцах свобода, как рассвет.
Зан агар оташ намешуд, хом мемондем мо
Зан агар оташ намешуд, хом мемондем мо, Норасида бодаи дар ҷом мемондем мо. Зан агар моро намебахшид умри ҷовидон, Бетахаллус, бенасаб, беном мемондем мо.
Шикоят аз пирӣ
Маро бисуду фурӯ рехт ҳарчи дандон буд, Набуд дандон, ло, бал чароғи тобон буд. Сапеди симрада буду дурру марҷон буд, Ситораи саҳарӣ буду қатраи борон буд!
Ҳар бод, ки аз суйи Бухоро ба ман ояд
Ҳар бод, ки аз суйи Бухоро ба ман ояд, Бо буйи гулу мушку насими суман ояд. Бар ҳар зану ҳар мард куҷо барвазад он бод?! Гӯйӣ, магар он бод ҳаме аз Хутан ояд.
Ҳар касеро баҳри коре сохтанд
Ҳар касеро баҳри коре сохтанд, Майли онро дар дилаш андохтанд. Пайи илм ҳамчу шамь бояд гудохт, Ки бе илм Худо натавон шинохт.
Тифл мондам аз ту модар, рӯйи ту дар ёд нест
Тифл мондам аз ту модар, рӯйи ту дар ёд нест, Қомати ту чашми ту абрӯйи ту дар ёд нест. Дар суроғат мезанам худро ба ҳар як кӯю дар, Чун, ки то имрӯз модар кӯйи
Муаллим
Шеъре ба номи некат, омӯзгор, дорам, Дар анҷуман ба дастат чун туҳфае супорам, Баҳри сипоси хотир дастат ҳамефишорам, Миннатпазирам аз ту доим ба рӯзгорам.
Офтобо, бори дигар хонаро пурнур кун
Офтобо, бори дигар хонаро пурнур кун, Дӯстонро шод гардон, душманонро кӯр кун! Аз паси кӯҳе барову сангҳоро лаъл соз, Бори дигар ғӯраҳоро пухтаву ангур кун!
Ватан сар мешавад аз гоҳвора
Ватан сар мешавад аз гоҳвора, Зи шири поку аз пистони модар. Ватан сар мешавад аз он тавора, Ки онро сохта дастони модар.
Забон гумкарда
Ҳар ки дорад дар ҷаҳон гумкардае, Дар замину дар замон гумкардае. Ин нишон гумкардаеву дигаре, Хештанро бенишон гумкардае.
Одамият
Тани одамӣ шариф аст ба ҷони одамият, На ҳамин либоси зебост нишони одамият! Агар одамӣ ба чашм асту даҳону гӯшу бинӣ, Чӣ миёни нақши девору миёни одамият!
Ҷони ширин (қисми 1)
Ҷони ширин, ин қадар ҷангам макун, Ин қадар беҳуда дилтангам макун. Гашта-гашта дар сафар боз омадам,
Биёед эй рафиқон дарс хонем
Биёед эй рафиқон дарс хонем, Ба бекорию нодони намонем. Ба олам ҳар касе бекор гардад, Ба чашми аҳли олам хор гардад.
Найнома
Бишнав аз най чун ҳикоят мекунад, Аз ҷудойиҳо шикоят мекунад, К-аз найистон то маро бубридаанд, Дар нафирам марду зан нолидаанд.
Ватан
Эй Ватан, эй хоки поки модарам, Аз ту рӯяд нури ҷон дар пайкарам. Бо ту ман маънои ҳастӣ ёфтам, Бо ту ман роҳи саодат кофтам.
Мо ҳеҷ, замона хеҷ, дунё ҳама ҳеҷ
Мо ҳеҷ, замона хеҷ, дунё ҳама ҳеҷ. Эй ҳеҷ, зи баҳри хеҷ бар ҳеҷ мапеч. Донӣ, ки зи одамӣ чӣ мемонаду бас? Меҳр асту муҳаббат асту боқӣ ҳама ҳеҷ!
Эй ашк оҳиста бирез, ки ғам зиёд аст
Эй ашк оҳиста бирез, ки ғам зиёд аст, Эй шамъ оҳиста бисӯз, ки шаб дароз аст. Имрӯз касе маҳрами асрори касе нест, Мо таҷриба кардем касе ёри касе нест.
ГУЛИ СУРХ
Рози дил мегуфтам, ар як маҳраме медоштам, Шикваҳо мекардам аз ғам, ҳамдаме медоштам. Дар шаби ҳиҷрон намешуд захми дил реши равон, Гар зи васли як парирӯ марҳа
Бӯи ҷӯи Мӯлиён
Бӯи Ҷӯи Мӯлиён ояд ҳаме, Ёди ёри меҳрубон ояд ҳаме. Реги Омуву дурушти роҳи ӯ, Зери поям парниён ояд ҳаме.
Эй қавми ба Ҳаҷ рафта, куҷоед, куҷоед
Эй қавми ба Ҳаҷ рафта, куҷоед, куҷоед? Маъшуқ ҳамин ҷост, биёед, биёед. Маъшуқи ту ҳамсояву девор ба девор, Дар бодия саргашта шумо дар чӣ ҳавоед.
Ҳаққи устод аз падар беш аст
Ҳаққи устод аз падар беш аст В-аз падар устод дар пеш аст. Гар падар аз ҳаёт баҳра диҳад, Устод аз наҷот баҳра диҳад.
Хандаи лола
Бихандад лола бар саҳро, Ба сони чеҳраи Лайло. Бигиряд абр бар гардун, Ба сони дидаи Маҷнун.
Ватан
Баҳор омад, зи умрам боз як соли дигар бигзашт, Тамоми зиндагӣ оҳиста аз пеши назар бигзашт. Ба мисли гӯшту нохун ҳамеша бо Ватан будам, Агарчи нисфи умри беҳта
Ҳамаи шеърҳо
Мураттабкунӣ: навтарин аввал
Баски мастонро ба қадри майкашиҳо обрӯст
Баски мастонро ба қадри майкашиҳо обрӯст, Мезанад паҳлу ба гардун, ҳар кӣ бар дӯшаш сабӯст. Ҳар диле к-аз ғам нагардад об, пайкон асту бас, Ҳар саре к-аз шӯри с
Базми гардун субҳхез аз гарди бетоби ман аст
Базми гардун субҳхез аз гарди бетоби ман аст, Нури ин оинаи мино зи симоби ман аст. Як ҷаҳон забти нафас дорад ба худ печиданам, Риштаи мавҳуми ҳастӣ ташнаи тоб
Баҳри розам, печутоби фикр гирдоби ман аст
Баҳри розам, печутоби фикр гирдоби ман аст, Шӯхии табъи расо амвоҷи бетоби ман аст. Софи маънӣ кард мустағнӣ зи дурди суратам, Чун бати май ботини ман олами оби
Андеша дар назокати маънӣ камол дошт
Андеша дар назокати маънӣ камол дошт, Ҳусни фурӯғи меҳр ниқоби ҳилол дошт. Шерозаи ғубори ҳавас гашт хиҷлатам, Хокам тасаллӣ аз арақи инфиол дошт.
Имрӯз, ки уммед ба кӯи ту муқим аст
Имрӯз, ки уммед ба кӯи ту муқим аст, Гар бол кушоям, дили парвоз дуним аст. Натвон зи сарам бурд ҳавои дами теғаш, Ин ғунча гиреҳбастаи уммеди насим аст.
Имрӯз даври суҳбат вақфи ситамаёғист
Имрӯз даври суҳбат вақфи ситамаёғист, Қулқул таранги миност, азбаски нашъа ёғист. Илзому инфиол аст шарти вифоқи аҳбоб, Дилбастагӣ, ки доранд бо якдигар, ҷаноғи
Агар май нест, ҷамъият кадом аст?
Агар май нест, ҷамъият кадом аст? Каманди ваҳдат ин ҷо даври ҷом аст. Чу соғар дар муҳити майкашиҳо Зи мавҷи бода қуллобам ба ком аст.
Аз ин бисот касе доғи орамидан рафт
Аз ин бисот касе доғи орамидан рафт, Ки бо вуҷуди нафас, ғофил аз тапидан рафт. Дар ин чаман сари таслимофатем ҳама, Гуле, ки барқи хазонаш назад, ба чидан рафт
Он ҷангҷӯ ба зоҳир агар пушт додааст
Он ҷангҷӯ ба зоҳир агар пушт додааст, Пинҳон даре зи фатҳи намоён кушодааст. Азбаски саъйи ҳиммати мардон фурӯтанист, Пушти сипаҳ қавӣ ба савори пиёда аст.
Омадам, то сад чаман бар ҷилва нозон бинамат
Омадам, то сад чаман бар ҷилва нозон бинамат, Нашъа дар сар, май ба соғар, гул ба домон бинамат. Ҳамчу дил умре дар оғӯши хаёлат доштам Ин замон ҳамчун нигаҳ да
Ҳар куҷо оташе аз ваҳшатам афрӯхтааст
Ҳар куҷо оташе аз ваҳшатам афрӯхтааст, Барқ дар аввали парвоз нафас сӯхтааст. Чӣ хаёл аст, дил аз доғ тасаллӣ гардад, Ахгаре чашм ба хокистари худ дӯхтааст.
Ҳамеша сангдилонанд номдори тараб
Ҳамеша сангдилонанд номдори тараб, Зи ханда нақши нигинро ба ҳам наёяд лаб. Забони ҳосиду тамҳиди ростӣ ғалат аст, Каҷӣ бадар натавон бурд аз думи ақраб.
Вақти пирӣ шарм доред аз хизоб
Вақти пирӣ шарм доред аз хизоб, Мӯ сиёҳӣ дидааст он ҷо ба хоб. Чашми диққатҷавҳаре пайдо кунед, Ҷуз ба равзан зарра кам дид офтоб.
Нагӯямат ба хато соз ё савоб талаб
Нагӯямат ба хато соз ё савоб талаб, Камингар аст зи худ рафтанат, шитоб талаб. Агар ҳақиқати анҷом дар назар дорӣ, Зи ҳар куҷо гуҳарат мерасад, ҳубоб талаб.
Мумсик агар ба арзи сахо ҷӯшад аз шароб
Мумсик агар ба арзи сахо ҷӯшад аз шароб, Дасте баланд мекунад, аммо ба зери об. Табъи карам фусурдаи дасти тиҳӣ мабод, Бар кишти оламест ситам хушкии саҳоб.
Гар ба ин гармист оҳи шуълазои андалеб
Гар ба ин гармист оҳи шуълазои андалеб, Шамъ равшан метавон кард аз садои андалеб. Офати ҳуши асирон барқи дидор асту бас, Мезанад ранги гул оташ дар бинои анда
Файзи ҳаловат аз дили бекибрукин талаб
Файзи ҳаловат аз дили бекибрукин талаб, Занбӯрро зи хона барор, ангубин талаб. Бепарда аст ҳусни ғано дар либоси фақр, Дасти расо зи кӯтаҳии остин талаб.
Тараб дар ин боғ мехиромад зи сози фурсат паём бар лаб
Тараб дар ин боғ мехиромад зи сози фурсат паём бар лаб, Зи наргис акнун мабош ғофил, ки най гирифтаст ҷом бар лаб. Агар ба маънӣ расида бошӣ, хурӯши мастон шуни
Субҳдам сайёра бол афшонд аз домони шаб
Субҳдам сайёра бол афшонд аз домони шаб, Вақти пирӣ рехт аз ҳам оқибат дандони шаб. Ашки ҳасрат лозими сози раҳил афтодааст, Шабнами субҳ аст осори нами мижгони
Дил аз хумори талаб хун куну шароб талаб
Дил аз хумори талаб хун куну шароб талаб, Ҷигар ба ташналабӣ вогузору об талаб. Зи офият натавон муждаи кушоиш ёфт, Ба дил шикасте агар ҳаст, фатҳи боб талаб.
Чун писта нест дар ғами он рангипонбалаб
Чун писта нест дар ғами он рангипонбалаб, Дандоншикастае, ки фишорад забон ба лаб. Айши висолу завқи канор орзуи кист? Моему ҳарфи бӯсе аз он остон ба лаб.
То занад фоли гуҳар, бетобиоҳанг аст об
То занад фоли гуҳар, бетобиоҳанг аст об, Наъл дар оташ ба ҷустуҷӯи ин ранг аст об. Ҳарфи арбоби насиҳат бар дили гарм офат аст, Шиша чун дар оташ афтад, бар сар
Тоби зулфат соя овезад ба тарфи офтоб
Тоби зулфат соя овезад ба тарфи офтоб, Хатти мушкинат шикаст орад ба ҳарфи офтоб. Дида дар идроки оғӯши хаёлат оҷиз аст, Зарра кай ёбад канори баҳри ҳарфи офтоб
Бе латофат нест, аз бас ваҳшатоҳанг аст об
Бе латофат нест, аз бас ваҳшатоҳанг аст об, Гар дари роҳат занад, ҳамчун гуҳар, санг аст об. Фитнатӯфон аст арзи ранги бӯйи ин чаман, Дар тилисми хок, ҳайронам,
Боз дар гулшан зи хешам мебарад афсуни об
Боз дар гулшан зи хешам мебарад афсуни об, Дар назар тарзи хироме дорам аз мазмуни об. Шӯриши амвоҷи ин дарё хурӯши базми кист? Нағмаи тар мефишорад мағзам аз қ

