Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Абдулқодири Бедил
Абдулқодири Бедил

Вақти пирӣ шарм доред аз хизоб

Вақти пирӣ шарм доред аз хизоб, Мӯ сиёҳӣ дидааст он ҷо ба хоб. Чашми диққатҷавҳаре пайдо кунед, Ҷуз ба равзан зарра кам дид офтоб. Эътиборот ончи дорад, зиллат аст, То гуҳар гул кард, рафт аз қатра об. Чашм бастан рамзи маънӣ хондан аст, Нуқта мебошад далели интихоб. Ҷамъи илм ифлос меорад, на ҷоҳ, Бештарҳо пӯст мепӯшад китоб. З-ин баҳорат ончи омад дар назар, Ибрате гардида бошад бениқоб. Сӯзи ишқе нест, варна, равшан аст Ҳамчу шамъат пой то сар фатҳи боб. Ҷуз равонӣ нест дар дарси нафас, Сакта мехонад зи лакнат шайху шоб. Ин ки олам худнамоӣ мекунад, Нам надорад дар ҷабин мавҷи сароб. Фаръ азбас моили асли худ аст, Шишаро ангур медонад шароб. Фурсати аз худ гузаштан ҳам кам аст, Як арақ пул бар нафас банд, эй ҳубоб. Аз мукофоти амал ғофил мабош, Оташ эмин нест аз ашки кабоб. Мовуман бенисбат аст, он ҷо ки ӯст, Бо катон рабте надорад моҳтоб. Он шикорафкан ба хунам тар нахост, Чашму мижгон буд фитроку рикоб. Бедил, истиғно ҳамин яъс асту бас, Даст бардор аз дуои мустаҷоб.