Нагӯямат ба хато соз ё савоб талаб
Нагӯямат ба хато соз ё савоб талаб,
Камингар аст зи худ рафтанат, шитоб талаб.
Агар ҳақиқати анҷом дар назар дорӣ,
Зи ҳар куҷо гуҳарат мерасад, ҳубоб талаб.
Шикасти обила ҳар гом соғаре дорад,
Суроғи обе агар хоҳӣ, аз сароб талаб.
Гули нигоҳе агар чидаӣ зи боғи висол,
Ба рӯзи ҳаҷр зи мижгони тар гулоб талаб.
Ба рафъи кулфати ҳар офатест тадбире,
Гар оташе ба дил афтад, зи дида об талаб.
Ҷаҳон зи хеш тиҳӣ гашт, то ту болидӣ,
Ба сифри нуҳ фалак аз қадри худ ҳисоб талаб.
Касе зи марг агар расми зиндагӣ хоҳад,
Ту ҳам зи олами пирӣ бирав, шитоб талаб.
Муқими бекасӣ осуда аз парешонист,
Чу ганҷ офият аз хонаи хароб талаб.
Ту қосиди ҳавасӣ аз адам ба сӯи вуҷуд,
Ҳақиқати нафасат хонда шуд, ҷавоб талаб.
Зи ҷунбиши мижа дарси ишоратат ин аст,
Ки ҳарза аст нигоҳ, андаке ҳиҷоб талаб.
Баҳор мешунавӣ, сайри ранг кун, Бедил,
Зи ҷилва ончи тамаъ дорӣ, аз ниқоб талаб.