Мумсик агар ба арзи сахо ҷӯшад аз шароб
Мумсик агар ба арзи сахо ҷӯшад аз шароб,
Дасте баланд мекунад, аммо ба зери об.
Табъи карам фусурдаи дасти тиҳӣ мабод,
Бар кишти оламест ситам хушкии саҳоб.
Ин аст агар самоҷати арбоби эҳтиёҷ,
Раҳм аст бар мизоҷи дуоҳои мустаҷоб.
Ғоратнасиби ҳасрати дарди муҳаббатам,
Нагрист бедиле, ки зи чашмам набурд об.
Дил он қадар гудохт, ки ғам ҳам ба сел рафт,
Оташ дар об ғӯта зад аз ашки ин кабоб.
Афсонасозии шарару барқ то ба кай?
Гар марди ин рамӣ, ту ҳам аз худ бурун шитоб.
Ёрон абас ба ваҳми тааллуқ фусурдаанд,
Ин ҷост чун нигаҳ, қадам аз хона дар рикоб.
Субҳ аз нафас ду мисраъи барҷаста хонду рафт,
Девони эътибору ҳамин байташ интихоб.
Хоҳӣ, нафас хаёл куну хоҳ гарди ваҳм,
Чизе намудаем дар оинаи ҳубоб.
Маҳвему боисе зи таҳайюр падид нест,
Эй фитрат, об гарду зи мо рафъ кун ҳиҷоб.
Маънӣ чӣ во намояд аз ин лафзҳои пуч?
Пур ташна аст ҷилваву оинаҳо сароб.
Дар базми ишқ илм чиву маърифат кадом?
То ақл гуфтаем, ҷунун медарад ниқоб.
Дар оламе, ки ёди ту бо мо муқобил аст,
Оина мекашад ба рухи соя офтоб.
Бедил, зи ҷӯши сабза дар ин раҳ фитодааст
Бе чашм як ҷаҳон мижа туҳматпарасти хоб.